Феврал 26, 2017 20:48 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Иттиҳодияи араб аз ҷиноёти Исроил

Муовини дабири кулли Иттиҳодияи араб гуфт, ин иттиҳодия ҳаргуна иқдоми ҳадафманд ва таҷовузи Исроил ба миллат ва сарзамини Фаластинро маҳкум мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳисом Зиккӣ, муовини дабири кулли Иттиҳодияи араб ва дипломати мисрӣ дар ҳошияи яке аз конфронсҳои баргузоршуда дар Қоҳира, пойтахти Миср гуфт, ҳамаи кишварҳои арабӣ бояд ба сурати ҷамъӣ аз масъалаи фаластинӣ ҳимоят кунанд .

Зиккӣ бар лузуми эҷоди таодули ҳукуматҳои арабӣ байни робита бо Вашингтон ва масъалаи Фаластин таъкид карду афзуд, ин мавзуъ ниёзманди талошҳои густарда аст .

Муовини дабири кулли Иттиҳодияи араб бо баёни инки мавзеи раҳбарони аршади Амрико дар қиболи қазияи фаластинӣ фоқиди шаффофият аст, афзуд, ба назар мерасад, ин рӯйкарди гузашта дар Кохи Сафед идома ёбад .

Муовини дабири кулли Иттиҳодияи араб бо ишора ба инки мавзуи Фаластин ҳамвора авлавияти нахусти ҷаҳони араб боқӣ мемонад, афзуд, ин қазия бояд дар феҳристи қазоёи байналмилалӣ дарҷ шавад, то Амрико таваҷҷуҳи бештаре ба он дошта бошад .

 

Барчасп