Март 16, 2017 19:57 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии кишварҳо дар Иди бостонии Наврӯз дар Кувайт
    Гирдиҳамоии кишварҳо дар Иди бостонии Наврӯз дар Кувайт

Дар остонаи иди бостонии Наврӯз, кишварҳои ҳавзаи ин ҷашни ҷаҳонӣ дар гирдиҳамоӣ бо номи "Баҳори бостонӣ ва фарҳангӣ", ки рӯзи чаҳоршанбе дар Кувайт баргузор шуд, ҳузур ёфтанду осори бостониву фарҳангӣ, одобу русуму ғизоҳои маҳаллии худро арза карданд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин гирдиҳамоии якрӯза, кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Покистон дар канори кишварҳое ҳамчун Русия, Индонезия ва Кувайт ба арзаи осори фарҳангӣ ва ҳунарӣ, ғизоҳову либосҳои маҳаллӣ ва намоиши одобу русуми худ дар ҷашни бостонии Наврӯз пардохтанд.

Ғурфаи Ҷумҳурии исломии Эрон низ бо истиқболи густардаи ҳозирон мувоҷеҳ шуду боздидкунандагон бо сарфи ғизоҳои асили эронӣ аз суфраи мутанаввеу хушрангубӯйи эрониён тамҷид карданд.

 Иҷрои мусиқии суннатии кишварҳои ҳозир дар намоишгоҳ низ бо истиқболи меҳмонону боздидкунандагон рӯбарӯ шуд.

 Генерал-лейтенан Собит Алмуҳанно, устондори пойтахти Кувайт низ дар ҳошияи ин гирдиҳамоӣ ва дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо ИРНА гуфт, чунин маросиме ба шикаста шудани мавонеъ ва аз байн рафтани фазои кашмакаш миёни кишварҳо кӯмаки шоёне мекунад ва миллатҳо ҳамвора бо наздик шудан ба якдигар, боиси тағйирпазирии давлатҳои худ мешаванд.

 

Барчасп