Март 30, 2017 20:50 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар рӯзи замин
    Баёнияи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар рӯзи замин

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар баёнияе ба муносибати 30 март, чиҳилу якумин солгарди рӯзи замин дар Фаластин, бар ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ ба саросари ватани худ таъкид кард.

Ба иттилои маркази иттилоърасонии Фаластин, дафтари умури оворагони ҷунбиши Ҳамос дар ин баёния овардааст: Фаластин мутааллиқ ба ҳамаи фаластиниён ва ҳаққе тағйирнопазир аст ва ҳаққи бозгашт ба саросари сарзаминҳои фаластинӣ низ ҳаққе собит аст, ки бо гузашти замон аз байн намеравад ва ҳечкас ҳам наметавонад бар сари он музокира кунад .

Дар баёнияи Ҳамос омадааст: Пайбандии миллати Фаластин ба сарзамини худ ва омодагии онон барои фидокории бештар нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ ва тарҳҳои ин режим дар ҳоли нобудӣ аст ва ба зудӣ озодсозии сарзамин, бозпасгирии  ҳуқуқи аз даст рафта ва муқаддасот ва бозгашти оворагон ба шаҳру диёри аслии худ муҳаққақ хоҳад шуд .

Рӯзи замин дар Фаластин рӯзи қиёми миллии фаластиниёни манотиқи ишғолии соли 1948 аст .

Режими саҳюнистӣ дар 30 марти 1967 дар чорчуби такмили амалиёти ишғоли худ ҳазорон гектар аз заминҳои фаластиниёнро дар манотиқи ишғолӣ ба баҳонаҳои мухталиф мусодира кард, ки дар эътироз ба ин иқдом, шаш фаластинӣ шаҳид шуданд .

 

Барчасп