Дастури кори иҷлоси баъдии сарони араб: Лутфан нахобед!
-
Хоби сарони араб дар иҷлоси Иттиҳодияи араб дар Урдун
Хоби амиқи чанд тан аз сарони араб аз ҷумла раисҷумҳури истеъфокардаи Яман ва раиси ташкилоти худгардони Фаластин дар Иҷлоси сарони Иттиҳодияи араб дар Баҳралмити Урдун, ин рӯзҳо интиқодоте густарда ба дунбол доштааст.
Абдулборӣ Атвон, рӯзноманигори бособиқаи фаластинии муқими Лондон ва сардабири рӯзномаи интернетии Раъюлявм рӯзи ҷумъа навишт: Дар инки суханронии бештари сарони араб дар ҷаласоти алании ин иҷлос, такрорӣ, касолатбор ва хамёзаовар буд, баҳс нест, аммо таҳаммули чанд соати кӯтоҳи ду ҷаласаи ин нишаст ва муқовимат дар баробари чурт задан ва хоби амиқ, кори душворе набуд .
Рӯзноманигори барҷастаи ҷаҳони араб бо тамҷид аз тасвирбардорон ва коргрдононе, ки тасовири хоби сарони арабро дар иҷлоси Баҳралмит мунташир карданд, навишт: Ончи дар толори расмии нишастҳои сарони араб рух дод, гувоҳи маҳкаме бар суқути иҷлоси сарони Иттиҳодияи араб буд .
Ба навиштаи Атвон, қатъан дар нишасти баъдии сарони араб, ки соли оянда дар ҳамин замон баргузор хоҳад шуд, бар яке аз бузургтарин баннерҳо хоҳанд навишт: "Лутфан нахобед" ва ҳатто аҷиб нест, агар ба ширкаткунандагони куҳансоли ин нишаст, доруи зидди хоб дода шавад .
Сардабири Раъюлявм таъкид кардааст, нишастҳои кишварҳои арабӣ арзиш ва аҳаммияти худро аз даст дода ва пуле, ки барои ин нишастҳо ҳазина мешавад, ҳаққи фуқаро ва гуруснагонест, ки теъдоди онҳо дар кишварҳои арабӣ кам нест .