Апрел 03, 2017 12:41 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми теъдоди зиёде аз таҷҳизоти ДИИШ дар Мусил

Артиши Ироқ бо кумаки нерӯи басиҷи мардумӣ даҳҳо таҷҳизоти бомбгузорӣ шудаи террористҳои ДИИШ-ро дар Бадуш дар ғарби Мусил (шимоли Ироқ) мунҳадим кард.

Ба гузориши пойгоҳи Ироқ Пресс, Қосим Ҷосим Назол, фармондеҳи лашкари 9 артиши Ироқ эълом кард, нерӯҳои артишӣ рӯзи якшанбе 190 мошин ва мотосикли бомбгузорӣ шуда ва 9 ҳавопаймои бидуни сарнишини ДИИШ-ро дар амалиёти озодсозии шаҳри Бадуш мақарри аслии террористҳо дар Ироқ ва маркази устони Найнаво мунҳадим карданд .

Сарлашкар Назол бо ишора ба ҳамкории нерӯҳои мардумӣ бо артиши Ироқ дар амалиёти озодсозии шаҳри Бадуш изҳор кард, дар ин амалиёт илова бар масдуд шудани 20 нақби мутааллиқ ба террористҳо, ки онро барои нақлу интиқоли нерӯ ва аслиҳа ва муҳиммот ҳафр карда буданд, 160 бомб, 35 хумпора, 47 камарбанди инфиҷорӣ ва 40 мавзеи террористҳо мунҳадим шуда ва 820 террорист ба ҳалокат расидааст .

Ситоди иттилооти фармондеҳии басиҷи мардумӣ низ эълом кард, нерӯҳои мардумӣ бо ҷилавгирӣ аз нуфузи террористҳои диишӣ ба шарқи шаҳри Алдавр дар ҷануби шарқи шаҳри Тикрит 2 дастгоҳ аз 9 дастгоҳи мошини зиреҳии онҳоро мунҳадим карданд ва бақияи диишиҳоро маҷбур ба ақабнишинӣ карданд .

Хабари дигар аз Ироқ ҳокист, садҳо нафар аз коркунони идораи кулли беҳдошт ва дармони устони Зейқор дар ҷануби Ироқ рӯзи якшанбе дар эътироз ба вазъияти ҳуқуқӣ тазоҳурот ва бар афзоиши ҳуқуқи худ барои беҳбуди вазъияти маишатиашон таъкид карданд .

 

Барчасп