Апрел 16, 2017 14:31 Asia/Dushanbe

Террористҳои Сурия асри рӯзи шанбе 15 апрел, бо амалиёти интиҳорӣ бар сарироҳи корвон иавтобусҳои ҳомили аҳолии шаҳракҳои Фуъа ва Кафариё дар масири вуруди онон ба Ҳалаб дар минтақаи ал Рошидин, фоҷиаи ҷадидеро бавуҷуд оварданд ва ҳудуди 250 нафарро куштанд ё захмӣ карданд.

Тибқи тавофуқи ахир миёни давлати Сурия ва гурӯҳҳои мусаллаҳ қарор буд, рӯзи шанбе теъдоде аз аҳолии Фуъа ва Кафариё, ки наздик ба ду сол дар муҳосираи террористҳо буданд бо террористҳое, ки дар манотиқи Мазоё ва Забадонӣ ҳузур доштанд мубодила шаванд, аммо дар ҳоле, ки террористҳои Мазоё ва Забадонӣ саҳеҳу солим ба Идлиб мунтақил шуданд, бисёре аз занон ва кӯдакони бедифои Фуъа ва Кафариё дар амалиёти интиҳории террористҳои такфирӣ, ба шаҳодат расиданд.

Бар асоси тозатарин гузоришҳо, гурӯҳи террористии мавсум ба Аҳрорушшом масъулияти амалиёти интиҳорӣ, дар баробари корвони автобусҳои ҳомили занон ва кӯдакони бемор ва нотавони Фуъа ва Кафариёро бар ӯҳда гирифтааст.

 

 

Барчасп