Апрел 26, 2017 16:37 Asia/Dushanbe
  • Аносури полиси ДИИШ дар Мусили Ироқ нишони тими Реали Мадридро рӯи футболкаи тарафдорони ин тим қайчӣ мекунанд
    Аносури полиси ДИИШ дар Мусили Ироқ нишони тими Реали Мадридро рӯи футболкаи тарафдорони ин тим қайчӣ мекунанд

Аносури полиси ДИИШ дар Мусили Ироқ футболкаҳои тарафдорони Реали Мадридро қайчӣ мекунанд.

Ба иттилои Алъолам, дар ҳоле, ки рақобатҳои лигаи футболи Испания ва Ҷоми қаҳрамонони Аврупо бо ҳузури Реали Мадрид ва Барселона ва дурахшиши Роналду ва Месси ба мароҳили ҳассоси худ расидааст, аносури полиси ДИИШ мавсум ба Алҳасаба, нишони Реали Мадрид бар футболкаи тарафдорони ин тимро қайчӣ карданд.  

Гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори видеое аз фаъолияти аносури полиси худ дар бахшҳое аз Мусил, ки ҳануз дар тасарруфи онҳост, чигунагии қайчӣ кардани нишони Реали Мадрид аз футболкаи тарафдорон ин тимро ба намоиш гузошт.

ДИИШ иллати қайчӣ кардани нишони Реали Мадридро вуҷуди салиб дар нишони ин тим эълом кардааст.

Полиси худхондаи ДИИШ, пеш аз ин як кӯдаки ироқиро маҷбур карда буд, футболкаи Реали Мадридро аз тан дароварад.

Диишиҳо ин кӯдакро таҳдид карда буданд, дар сурати сарпечӣ аз ин дастур 80 зарба шаллоқ хоҳад хурд.

 

Барчасп