Баргузории нишасти машваратӣ бо мавзӯи Рӯзи Накбат дар Бейрут
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i16596-Баргузории_нишасти_машваратӣ_бо_мавзӯи_Рӯзи_Накбат_дар_Бейрут
Нишасти машварати бо мавзӯи Рӯзи Накбат бо ҳузури намояндагони созмонҳои мардумниҳоди фаъол дар ҳавзаи муқовамати Фаластин аз беш аз 40 кишвари ҷаҳон, дар Бейрут, пойтахти Лубнон оғоз ба кор кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 03, 2017 12:20 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти машваратӣ бо мавзӯи Рӯзи Накбат дар Бейрут

Нишасти машварати бо мавзӯи Рӯзи Накбат бо ҳузури намояндагони созмонҳои мардумниҳоди фаъол дар ҳавзаи муқовамати Фаластин аз беш аз 40 кишвари ҷаҳон, дар Бейрут, пойтахти Лубнон оғоз ба кор кардааст.

14 –уми майи соли 1948 рӯзе аст, ки режими ҷаълии саҳюнистӣ таъсис шуд. Фаластиниҳо ин рӯзро Рӯзи Накбат номидаанд.

Ба гузориши хабаргузории Қудс, Сайид Абулқосим Раҳимиён, дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии навҷавонон ва ҷавонони мухолифи ишғолгарӣ, дар нишасти машваратӣ бо мавзӯи “Явм-ун-накба” дар Бейрут, бо ишора ба таъкидоти ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, мабнӣ бар ҳимоят аз миллати Фаластин то пирӯзии ниҳоӣ дар баробари режими ишғолгари Қудс, бар аҳамияти гиромидошти Рӯзи Накбат ба унвони ёдоварии солрӯзи ишғоли сарзамини Фаластин тавассути саҳюнистҳо таъкид кард.

Раҳимиён бо ишора ба хӯйи таҷовузгари режими ҷаълии Исроил, ки бо эҷоди тарсу ваҳшат, куштор ва қатли ом, як миллатро аз сарзамини модарии худ берун рондааст, гуфт, истифода аз зарфиятҳои мавҷуд дар таҷаммуоти варзишӣ ва маҷозӣ ба нафъи баёни масъалаи Фаластин ва мазлумияти фаластиниҳо дар баробари ҷинояти ишғолгарон зарурӣ аст.

 Нишасти машваратӣ бо мавзӯи Рӯзи Накбат ба муддати се рӯз дар пойтахти Лубнон идома хоҳад дошт.