Май 06, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Исмоил Ҳания раиси ҷадиди дафтари сиёсии Ҳамос шуд

Исмоил Ҳания ба унвони раиси ҷадиди дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос), ҷонишини Холид Машъал шуд.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Қудс, ба нақл аз манобеи фаластинӣ, раҳбарони Ҳамос рӯзи ҷумъа дар нишасте,  Исмоил Ҳанияро ба унвони раиси ҷадиди дафтари сиёсии Ҳамос интихоб карданд.

Бар асоси ин гузориш, ин тасмим дар рӯзи 15 моҳи майи ҷорӣ ба таври аланӣ эълом хоҳад шуд.

Пеш аз ин эълом шуда буд, Ҷунбиш муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) қасд дорад, имрӯз (шанбе) интихоботи ниҳоии худро барои интихоби раҳбарони аршади ин ҷунбиш баргузор кунад.

Ин гузориш ҳамчунин ҳокӣ аст, Холид Машъал бар асоси интихоботи дарун ҳизбии ҷунбиши Ҳамос ба унвони раиси маҷлиси Шӯрои машваратии ин ҷунбиш, интихоб хоҳад шуд.

Давраи қонунии раёсати Холид Машъал бар дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос авохири соли гузаштаи мелодӣ (2016), ба поён расида буд.

 

 

Барчасп