Май 23, 2017 18:30 Asia/Dushanbe

Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ шаҳри ал-Қиравон, ғарби Мусилро аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ озод карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ, ки дар рӯзҳои гузашта амалиёти озодсозии шаҳри роҳбурдии ал-Қиравон дар 90-километрии ғарби Мусил ва 50-километрии марзи Сурияро оғоз карда буданд, рӯзи сешанбе муваффақ шуданд, контроли ин шаҳрро дар ихтиёр бигиранд.

Бо поксозии аносири ДИИШ аз Қиравон парчами Ироқ бар фарози сохтмонҳои аслии ин шаҳр барафрошта шуд.

Ташкилоти басиҷи мардумии Ироқ эълом кард, дар амалиёти озодсозии минтақаи Қиравон то кунун беш аз 40 русто аз ишғоли ДИИШ озод ва ду ҳазор километри мураббаъ аз манотиқи атрофи он поксозӣ шудааст. Нерӯҳои Ироқ ҳамчунин дар минтақаи ал-Ҳовӣ, ғарби Мусил дастикам 75 тан аз аносири ДИИШ-ро ба ҳалокат расонда ва мошини бомбгузоришудаи террористҳоро мунҳадим карданд.

 

Барчасп