Буҳрон дар Ховари Миёна, қатъи равобити чаҳор давлати арабӣ бо Қатар
Баҳрайн, Арабистон, Иморот ва Миср эълом карданд, равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ кардаанд.
Ба иттилои шабакаи хабарии Алъолам, пас аз сафари Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Арабистон ва имзои қарордоди таслеҳотӣ миёни Вашингтон ва Риёз ҳамчунин суханони Трамп дар нишасти Риёз, ихтилофоти Қатару Арабистон ва дигар кишварҳои арабӣ аланӣ шуд .
Режими Оли Халифа ба аъзои ҳайъати дипломатии Қатар дар Баҳрайн 48 соат муҳлат дод, хоки ин кишварро тарк кунанд.
Давлати Баҳрайн ҳарими ҳавоӣ ва дарёии худро низ ба рӯи Қатар баст ва сафари шаҳрвандони худ ба Қатар ва ё иқомат дар ин кишварро манъ кард .
Режими Оли Халифа ба қатариҳои муқими Баҳрайн ва ё мусофирони қатарӣ низ 14 рӯз муҳлат дод, хоки Баҳрайнро тарк кунанд .
Пас аз Баҳрайн, Арабистон низ аз қатъи равобити дипломатии худ бо Қатар хабар дод, Арабистон ҳамчунин ҳамаи марзҳои дарёӣ, заминӣ ва ҳавоии худро бо Қатар баст .
Арабистони Саудӣ вуруд ва ё убури қатариҳо аз ин кишварро низ мамнӯъ эълом кард ва ба қатариҳои муқими Арабистон 14 рӯз муҳлат дод, хоки ин кишварро тарк кунанд .
Имороту Миср ҳам аз қатъи равобити дипломатии худ бо Қатар хабар доданд ва ин кишварро ба бесубот кардани амнияти минтақа муттаҳам карданд.
Равобити Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср бо Қатар дар рӯзҳои ахир ба далели интишори ахборе мунтасаб ба Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дучори танишу ихтилофоти шадид шуда буд .