Июн 08, 2017 21:21 Asia/Dushanbe

Бетаваҷҷӯҳии тими миллии футболи Арабистон дар бози бо Австралия ба як дақиқа сукут, барои қурбониёни ҳодиса террористии Лондон, ҷанҷол барангез шуд.

Ба гузориши рӯзномаи англисии Дейли Мейл, тими миллии футболи Арабистон дар мусобиқа бо тим Австралия, дар чорчуб мусобиқаҳои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳони 2018-и Русия, як дақиқа сукут барои қурбониёни ҳодисаи террористии Лондонро риоят накард.

Дар ин мусобиқа, ки рӯзи панҷшанбе дар Австралия баргузор шуд, тими Арабистон 3 бар 2 дар баробари Австралия бохт.

Сайтҳои матбуотии ғарбӣ ва ба хусус Англия, рафтори бозикунони Арабистон қабл аз шурӯъи мусобиқаро конуни таваҷҷӯҳ қарор дода ва аз он интиқод карданд.