Июн 11, 2017 16:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани даҳҳо ироқӣ дар ҳамалоти мушакии ДИИШ ба Мусил

Расонаҳои ироқӣ аз ҷон бохтани 30 ғайринизомӣ дар паи ҳамалоти мушакии ДИИШ ба маҳаллаи Алшифо дар ғарби Мусил (шимоли Ироқ) хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, террористҳои диишӣ бо мушакҳои катюша, ғайринизомиёнеро, ки қасд доштанд, аз маҳаллаи Алшифои Мусил фирор кунанд, ҳадаф қарор доданд .

Террористҳои ДИИШ ҳамакнун дар маҳаллаи Алшифо ва бахшҳое аз Мусили қадим ҳузур доранд ва монеи фирори ғайринизомиён аз ин манотиқ мешаванд .

Нерӯҳои ироқӣ дирӯз дар идомаи амалиёти озодсозии ғарби Мусил, маҳаллаи  Алзанҷилиро аз вуҷуди террористҳои диишӣ поксозӣ карданд .

 

Барчасп