Созиши кувайтиҳо дар ҳимоят аз мардуми Қатар ва мухолифат бо таҳримҳои Арабистон
(last modified 2017-06-12T04:50:16+00:00 )
Июн 12, 2017 09:50 Asia/Dushanbe
  • Созиши кувайтиҳо дар ҳимоят аз мардуми Қатар ва мухолифат бо таҳримҳои Арабистон

Мардуми Кувайт бо роҳандозии маъракае дар фазои маҷозӣ, зимни интиқод аз таҳримҳои Арабистон зидди мардуми Қатар, лағви ин таҳримҳоро хостор шуданд.

Ба гузориши ИРНА, мардуми Кувайт рӯзи якшанбе бо роҳандозии маъракае дар фазои маҷозӣ, бар лузуми сафари дастаҷамъии шаҳрвандони кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба Қатар таъкид карданд.

Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони кишварҳои шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, бо мардуми Кувайт ва давлати Қатар эъломи ҳамбастагӣ карданд.

Дар ҳамин замина давлати Кувайт барои ҷуброни таҳримҳои ҳавонавардии эъмол шуда алайҳи Қатар, тадобири густурдаеро барои кумак ба санъати ҳавоии ин кишвар иттихоз кардааст.

Масъулони фурудгоҳи байналмилалии Кувайт бо ироаи омори расмӣ эълом карданд, парвозҳои мустақим аз Кувайт ба Доҳа ва билъакс ба сурати қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфта ва ҳар рӯз 44 парвоз миёни ду кишвар анҷом шудааст.

Рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта, Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср равобити худро бо Қатар қатъ карданд.

Ин кишварҳо аз Қатар хостанд ба ҳимоятҳои худ аз ҷунбиши Ҳамос поён диҳад ва дар бархе масоили арабӣ, бо онон ҳамоҳанг бошад.

Аммо давлати Доҳа таъкид кардааст, ба касе иҷоза намедиҳад дар сиёсати хориҷии Қатар дахолат кунад.

 

Барчасп