Фишороварии Арабистон ба Сомалӣ барои таҳрими Қатар
Мақомоти Саудӣ ҳамзамон бо эъмоли фишори дипломатӣ ба Сомалӣ барои пайвастан ба сафи муқобила ва таҳрими Қатр давлати Могадишоро барои тағйири мавозеи бетарафона дар хусуси муҳосираи Ҳукумати Қатар аз сӯйи кишварҳои арабӣ таҳти фишор қарор доданд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, рӯзномаи “ас-Сумол ал-явм” навишт, манобеи сомалиӣ рӯзи душанбе таъкид карданд, мақомоти Саудӣ давлати Могадишоро ба лағви ваъдаҳои молӣ дар сурати ақибнишинӣ накардан аз мавзеи бетарафонаи худ дар муқобили Қатар таҳдид карданд.
Дар рӯзҳои ахир як ҳайат аз Қатар ба раёсати Султон ибни Саъд Миррихӣ, вазири мушовир дар умури хориҷии ин кишвар барои гуфтугӯ дар бораи буҳрони қатъи робитаи кишварҳои арабӣ бо Қатар ба Сомалӣ сафар кард. Бар асоси ин гузориш, гуфта мешавад, Арабистон ба раисҷумҳури Сомалӣ пешниҳоди пардохти маблағи 80-миллиондоллариро барои ҳимоят аз мавзеи Риёзу қатъи робита бо Қатар матраҳ карда буд, аммо Могадишо онро напазируфтааст. Дархости Риёз аз Сомалӣ барои таҳрими Қатар дар ҳоле аст, ки Сомалӣ яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон ва ҳамеша бо мушкили қаҳтию хушксолӣ дастбагиребон аст. Қатар аз осмони Сомалӣ барои убур аз таҳримҳои кишварҳои арабӣ дар хусуси ширкати ҳавопаймоии худ истифода мекунад. Аз сӯи дигар Вазорати умури хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналамилалии Мағриб бомдоди сешанбе дар баёнияе эълом кард, ба дастури Муҳаммади Шашум, подшоҳи ин кишвар ва бо ҳадафи ҳамбастагӣ миёни миллатҳои исломӣ, бавижа дар моҳи мубораки Рамазон маводи ғизоӣ аз Мағриб ба Қатар ирсол шудааст. Мағриб рӯзи душанбе низ барои миёнҷигарӣ бо ҳадафи ҳалли буҳрони сиёсии миёни Қатар ва Арабистону муттаҳидонаш эъломи омодагӣ кард.
Рӯзи душанбе, 5-уми июн Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср равобити худро бо Қатар бо иддаои ҳимояти Қатар аз терроризму ифротгароӣ қатъ карданд.