Июн 16, 2017 19:48 Asia/Dushanbe
  • Фирори диишиҳо аз Мусил ва Раққа ба пойгоҳи ҷадид

Саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ баъд аз фирор аз шаҳрҳои Мусили Ироқ ва Раққаи Сурия дар шаҳри ал-Маёдини Сурия паноҳ гирифтаанд.

Хабаргузории “Ассошейтед пресс” рӯзи ҷумъа ба нақл аз манобеи суряӣ эълом кард, бештари саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ шаҳрҳои Раққаи Сурия ва Мусили Ироқро тарк ва ба устони Дайр-уз-зури Сурия фирор карда, дар шаҳри ал-Маёдин, воқеъ дар марзи Сурия бо Ироқ паноҳ гирифтаанд.

Вилояти Найнавои Ироқ аз 17 октябри соли 2016 саҳнаи амалиёти густурдаи нерӯҳои ироқӣ барои поксозии манотиқи мухталифи ин вилоят аз пайравони гурӯҳи террористии ДИИШ аст. Артиши Сурия низ дар рӯзҳои ахир бо вуруд ба вилояти Раққа чанд русто ва як истгоҳи истихроҷи нафтро аз гурӯҳи террористии ДИИШ бозпас гирифт. Гурӯҳи террористии ДИИШ дар чанд соли гузашта бо ҳимоятҳои молию низомии Амрико ва ҳапаймонони ғарбию арабияш, аз ҷумла Арабистон бо ҳамла ба Ироқу Сурия бахшҳое аз ин ду кишварро ишғол ва ҷиноятҳои бешуморе анҷом додааст.

 

Барчасп