Июн 20, 2017 15:52 Asia/Dushanbe
  • Ифшои тарҳи кудатои Арабистон ва Аморот алайҳи Қатар

Муҷтаҳид, ифшогар ва мунтақиди маъруфи арабистонӣ эълом кард, Арабистон ва Аморот барои табаддулот дар Қатар барномарезӣ карда буданд, аммо ноком монданд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Муҷтаҳид, корбари интернетии машҳури арабистонӣ дар тозатарин матолиби худ дар “Твиттер” навишт: «Муҳаммад ибни Салмон, вазири дифои Арабистон ва Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён, валиаҳди Абудабӣ муқаддамоти табаддулотро дар Қатар фароҳам карда буданд, аммо бо дахолати ғайримустақими Амрико ба шикаст мунҷар шуд”.

Тавтеаи табаддулот дар Қатар бо вуҷуди омодагии комили Арабистону Аморот пас аз дарёфти сигналҳое аз Амрико мабнӣ бар парҳез аз ҳар гуна иқдоми бепарво канор гузошта шуд. Вазири дифои Арабистон ва валиаҳди Абудабӣ бо назардошти навиштаҳои твиттерии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои табаддулот дар Қатар умед ба кумакҳои раисҷумҳури Амрико доштанд. Вале Вазорати дифои Амрико (Петагон) барои бастани ҳама дарҳо ба рӯйи тарҳи табаддулот бо нерӯҳои Қатар размоиши муштараки баҳрию заминӣ анҷом дод.

Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср аз панҷуми июни соли 2017 равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ ва ҳайатҳои дипломатии худро аз Доҳа хориҷ карданд.

 

Барчасп