Июн 25, 2017 11:55 Asia/Dushanbe
  • Эъломи иди Фитр дар шуморе аз кишварҳои арабӣ

Бисёре аз кишварҳои арабӣ шанбешаб эълом карданд, бо таваҷҷуҳ ба рӯяти ҳилоли моҳи шавол имрӯз (якшанбе) дар ин кишварҳо иди Фитр аст.

Ба гузориши хабаргузори Садо ва симои Эрон, аксари кишварҳои арабӣ аз ҷумла Миср, Арабистон, Қатар, Иморот, Баҳрайн, Кувейт, Фаластин, Урдун, Судон, Яман ва аҳли тасаннун дар Ироқ ва Лубнон имрӯз (якшанбе)-ро иди Фитр эълом карданд.

Кишвари Уммон шанбешаб эълом кард, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки рӯияти ҳилоли моҳи Шавол, ҳанӯз исбот нашуда фардо (душанбе) дар ин кишвар иди Фитр аст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам эълом карда, рӯзи душанбе иди саиди Фитр аст.