Июн 25, 2017 13:46 Asia/Dushanbe
  • Шеваи аҷиби раисиҷумҳури Миср дар табрики иди Фитр

Телевизиони Миср мавзуи табрики раисиҷумҳури ин кишвар дар бораи иди саиди Фитрро ба шакли аҷиб ва бесобиқае зернавис кард.

Ба гузориши ИРНА, дар зернависи хабари шабакаи мисрӣ имрӯз (якшанбе) ба унвони табрики раисиҷумҳури Миср ба муносибати иди саиди Фитр омадааст, Абдулфаттоҳ Сисӣ, иди саиди Фитрро ба уммати исломӣ ба ҷуз Қатар табрик гуфт.

Бо ин ки Қатар дар таниш миёни кишварҳои арабӣ бо Доҳа, равиши миёнаро дар пеш гирифта, аммо кишварҳои муҳосиракунандаи Қатар ҳамчунон ба мавзеъгириҳо зидди ин кишвар идома медиҳанд. Миср ба ҳамроҳи Арабистони Саудӣ, Иморот ва Баҳрайн чаҳор зилъи аслии таҳрим ва қатъи равобити дипломатӣ бо Қатар аз 5 моҳи июн ҳастанд.

Миср ва теъдоде дигар аз кишварҳои исломӣ имрӯз (якшанбе)-ро иди саиди Фитр эълом карданд.