Қатар колоҳои 4 кишвари арабиро таҳрим кард
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i19364-Қатар_колоҳои_4_кишвари_арабиро_таҳрим_кард
Дар пайи идомаи таҳрими Қатар аз сӯйи Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср алайҳи кишвари Қатар, шаҳрвандони қатарӣ ҳам колоҳои ин кишварҳоро таҳрим карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 01, 2017 12:55 Asia/Dushanbe
  • Қатар колоҳои 4 кишвари арабиро таҳрим кард

Дар пайи идомаи таҳрими Қатар аз сӯйи Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср алайҳи кишвари Қатар, шаҳрвандони қатарӣ ҳам колоҳои ин кишварҳоро таҳрим карданд.

Ба гузориши шабакаи “ал-Олам”, маҳсулоти шуморе аз ширкатҳои саудӣ ва иморотӣ, ба вижа ширкати лабаниёти ал-Марроъи аз сӯйи мардуми Қатар таҳрим шудааст.

Ал-Марроъи бузургтарин ширкати лабаниётӣ дар Ховари миёна аст ва аз бозори бузурге дар Қатар, ки 80 дарсад аз маводи ғизоии худро ворид мекунад, бархурдор аст. Тахфифоти вижаи колоҳои тавлиди Арабистон ва Иморот дар марокизи хариди бузург ҳам барои ташвиқи шаҳрвандони қатарӣ ба харид фоидае надоштааст.

Арабистон ва муттаҳидонаш Қатарро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои тундрав муттаҳам карда ва равобити худро бо ин кишвар қатъ кардаанд.

 Қатар ин иттиҳомро рад карда ва иқдоми ин кишварҳоро алайҳи худ “муҳосира” номидааст.

Арабистон, Иморот ва Баҳрайн тамоми масирҳои дарёӣ, заминӣ ва ҳавоиро бо Қатар масдуд кардаанд.

 Мақомоти Доҳа ҳам эълом кардаанд, дархостҳои зикршуда аз сӯйи кишварҳои арабии ҳамсояи Қатар ғайриқобили қабул ва ғайриқобили иҷрост.