Июл 09, 2017 18:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти нерӯҳои яманӣ ба мавозеи мутаҷовизони Саудӣ

Дар ҳамалоти нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба мавозеи мутаҷовизони Саудӣ, шуморе аз мутаҷовизон ба ҳалокат расиданд.

Ба гузориши шабакаи Алъолам, ба дунболи шиллики 20 мушак аз новҳои ҷангии мутаҷовизи Саудӣ ба манотиқи маскунии Музиъ дар ғарби устони Таиз ва ҳадаф қарор гирифтани бозори Алмашнақ дар устони Саъдаи Яман тавассути ҷангандаҳои Арабистон, артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар амалиёте вижа минтақаи Алҷамоим дар Ҷизон ва минтақаи Асир дар Арабистонро ҳадафи ҳамалоти сангини худ қарор доданд .

Дар ин амалиёт, даҳҳо тан аз низомиёни Саудӣ ба ҳалокат расида ё захмӣ шуданд .

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар минтақаи низомии Алъаши Наҷрони Арабистон ва низ ду низомии Саудиро ба ҳалокат расонда ва як нафари дигарро захмӣ карданд.

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар ин амалиёт ҳамчунин муваффақ шуданд, бо бомби дастсоз як дастгоҳи мошини зиреҳиро бо сарнишинонаш ҳадаф қарор диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, теъдоде аз нерӯҳои муздури Саудӣ дар атрофи шаҳристони Алмахоъ дар устони Таизи Яман ба ҳалокат расида ё захмӣ шуданд .

Арабистон бо ҳимояти Амрико ба баҳонаи бозгардондани Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат, ҳамалоти худро аз марти 2015 ба ин кишвар оғоз кард. Даҳҳо ҳазор кушта ва захмӣ ва миллионҳо овора натиҷаи ҳамалоти саудиҳо ба Яман аст .