Июл 10, 2017 13:00 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Пекин барои нақшофаринӣ дар бозсозии Сурия

Муовини раиси Анҷумани табодули ҳамкории Чин ва кишварҳои арабӣ эълом кард, давлатҳои Чин ва Сурия дар ҳоли ройзанӣ дар бораи барқарории парвозҳои мустақим байни Димишқ ва Пекин ҳастанд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, Чин Юнг рӯзи якшанбе дар Пекин гуфт, давлатҳои Чин ва Сурия дар ҳоли ҳозир дар бораи оғози парвозҳои мустақими ширкати ҳавопаймоии Сурия аз Димишқ ба фурудгоҳҳои бузурги Чин аз ҷумла, Пекин ройзанӣ мекунанд.

Вай афзуд, барқарории парвозҳои Пекин ва Димишқ, мушорикати ширкатҳои чиниро дар бозсозии Сурия пас аз ҷанг дар ин кишвар осон мекунад.

Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия пештар гуфта буд, ҳамкори байни Димишқ ва Пекин ба таври фазояндае афзоиш ёфтааст ва Чин метавонад, нақши муҳимме дар бозсозии Сурияи ҷангзада ифо кунад.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо ҳамлаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, режими саҳюнистӣ ва Амрико барои сарнагун кардани давлати қонунии Башор Асад оғоз шудааст.

 

Барчасп