Июл 10, 2017 13:53 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Ироқ бо дархости Арабистон дар бораи Қатар

Як мақоми ироқӣ фош кард, Арабистон дар талош аст, Ироқро водор кунад зидди Қатар мавзеъ бигирад, аммо Бағдод дархости Саудиро рад кардааст.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, Ҷосим ал Баётӣ аз раҳбарони Ҳизби “Ал Даъва”-и Ироқ, рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории арабии 21 гуфт, Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ аз ҷониби Риёз таҳти фишор аст, то муқобили дарёфти имтиёзи ободсозии манотиқе, ки аз ишғоли террористҳои ДИИШ озод шудааст, алайҳи Қатар мавзеъгирӣ кунад.

Ал Баётӣ гуфт, саудиҳо дарсадад буданд аз сафари нуздаҳуми июни Ҳайдар Ибодӣ ба Арабистон зидди Доҳа баҳрабардорӣ кунанд, аммо нахуствазири Ироқ дар Риёз бо ин дархости режими Саудӣ мухолифат ва онро рад кард.

Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн панҷуми июн дар баёнияе қатъи равобити дипломатии худро бо Қатар эълом карданд.

Ин кишварҳо Қатарро аз замин, осмон ва дарё муҳосира кардаанд.

 

Барчасп