Июл 12, 2017 17:32 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии амири Кувайт аз буҳрони чаҳор кишвари арабӣ бо Қатар

Шайх Сабоҳ Алҳамад Алҷобир Алсабоҳ, амири Кувайт аз буҳрон дар Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз Ирно, амири Кувайт гуфт, буҳрони чаҳор кишвари арабӣ бо Қатар бесобиқа аст.

Шайх Сабоҳ бар талошҳои Кувайт барои ҳалли буҳрони арабӣ таъкид карду гуфт: Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс қодир ба маҳори ҳаргуна ихтилоф аст ва якпорча ва воҳид боқӣ хоҳад монд.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср 13 дархости худро ба Қатар эълом карданд, аммо Қатар ин дархостҳоро рад кардааст.  

Хуруҷи низомиёни турк аз Давҳа ва қатъи равобити Қатар бо Эрон аз ҷумлаи ин дархостҳост.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико бо ҳадафи ройзанӣ дар бораи буҳрони Қатар, дар сафаре чаҳор рӯза дар минтақаи Халиҷ Форс ҳузур дорад.

Вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе дар Давҳа бо ҳамтои қатарии худ дидор ва гуфтугӯ кард ва рӯзи чаҳоршанбе ҳам дар Ҷаддаи Арабистон ба ройзаниҳои худ идома медиҳад.

 

Барчасп