Озодсозии охирин мақарри гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Ҳимси Сурия
(last modified Sun, 06 Aug 2017 13:34:26 GMT )
Август 06, 2017 18:34 Asia/Dushanbe
  • Озодсозии охирин мақарри гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Ҳимси Сурия

Нерӯҳои артиши Сурия ва ҳампаймононаш, шаҳри Алсухна дар шимоли шарқии Тадморро ба контроли худ дароварданд.

Ба нақл аз шабакаи Алъолам, нерӯҳои артиши Сурия ба озодсозии охирин мақарри гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Ҳимс дар ғарби Сурия, дар ҳоли поксозии шаҳр ва хунсо кардани минаҳо ва бомбҳои коргузошташуда ҳастанд .

Шаҳри Алсухна дар 70 километрии шарқи шаҳри бостонии Тадмор воқеъ аст ва охирин мақарри гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ҳимс ба шумор меомад .

Аз сӯи дигар, бар асари ҳамалоти ракетӣ ва хумпораии террористҳои гурӯҳи такфирии саҳюнистии ДИИШ ба маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Дерулзӯр дар шарқи Сурия, чаҳор шаҳрванди сурӣ кушта ва чанд тани дигар низ захмӣ шуданд .

Шаҳри нафтхези Дерулзӯр аз 2014 дар муҳосираи гурӯҳи террористии ДИИШ аст. ДИИШ бо қочоқи нафти Сурия ва фурӯши он дар бозори Туркия, манобеи молии худро таъмин мекунад.  

Хабари дигаре аз Сурия ҳокист, нерӯҳои амниятии Сурия дар таъқиби як гурӯҳи террористӣ дар атрофи шаҳри Ҳамоҳ дар ғарби Сурия, ду террористро ба ҳалокат расонданд ва ду террористи дигарро захмӣ карданд .