Август 08, 2017 17:28 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ аз бонкҳои Ироқ чӣ қадар пул дуздид?

Бонки марказии Ироқ рӯзи сешанбе гузориш дод, гурӯҳи террористии ДИИШ дар замони ишғоли шаҳрҳои Ироқ аз бонкҳои ин шаҳрҳо ҳудуди 835 миллион доллар пул дуздидааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, Бонки марказии Ироқ бо судури баёнияе эълом кард, гурӯҳи террористии ДИИШ дар соли 2014 бо ишғоли се вилоят, Найнаво, ал-Анбор, Салоҳуддин ва ҳамчунин бахшҳои муҳиме аз вилояти Диёлӣ ба 121 бонки давлатию хусусии вобаста ба Бонки марказии Ироқ тасаллут пайдо кард. Террористҳои ДИИШ аз ин банкҳо 856 миллиард динори ироқӣ ва ҳудуди 101 миллион доллари амрикоиро  дуздидаанд. Бар пояи ин гузориш, бештари маболиғе, ки ДИИШ аз ин бонкҳо мусодира кард, буҷаи соли 2014 ин вилоятҳо буд.

Бонки марказии Ироқ ҳамчунин фош кард, ки ДИИШ аз замони ишғоли манотиқи густурдае аз Найнаво дар соли 2014 ба даромади солонаи ду миллиарддолларӣ даст пайдо кард ва ба сарватмандтарин гурӯҳи террористӣ дар замони худ табдил шуд. Бештари ин сарват аз фурӯши нафти дуздидашуда аз Ироқ ба даст омад. ДИИШ аз фурӯши ғайриқонунии 30 ҳазор бушка нафт дар як рӯз ҳудуди ду миллион доллар ба даст меовард.

 

Барчасп