Август 24, 2017 11:30 Asia/Dushanbe
  • Эрон куштори мардум дар Санъои Яманро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамлаҳои субҳи чаҳоршанбеи ҷангандаҳои режими Саудиро ба як хобгоҳ дар вилояти Санъои Яман шадидан маҳкум кард.

Баҳроми Қосимӣ чаҳоршанбешаб, зимни ибрози ҳамдардӣ бо бозмондагони қурбониёни ҳамлаи ҷангандаҳои режими Саудӣ ба як хобгоҳ дар минтақае дар наздикии вилояти Санъо, пойтахти Яман, хостори расидагии Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба куштори ғайринизомиёни яманӣ ба дасти режими Саудӣ шуд.

Дар ин ҳамла дастикам 46 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин аз Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои муассир дар буҳрони Яман хост, талошҳояшонро барои таваққуфи фаврии ҳамалоти режими Саудӣ афзоиш диҳанд ва тадобиру иқдомоти лозимро барои ҳифзи саломат ва амнияти ғайринизомиён, ба вижа занону кӯдакон ба кор гиранд.

Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико ва дар сояи сукути Созмони Милали Муттаҳид аз марти соли 2015 ба Яман ҳамла карда ва ин кишварро аз замин ва ҳавову дарё дар муҳосира қарор додааст.

Дар ин таҷовузи низомӣ то кунун беш аз 12 ҳазор яманӣ кушта, даҳҳо ҳазор нафар захмӣ ва миллионҳо тан низ овора шудаанд.

 Ҳамла ба Яман ва муҳосираи он ҳамчунин боис шудааст ин кишвари фақири арабӣ бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ рӯбарӯ шавад ва бемориҳои гузаранда, аз ҷумла вабо дар он ҷо паҳн шавад.

 

Барчасп