Рамзгушоии “Ерусалим пост” аз муҳимтарин пурсиши Натаняҳу аз Путин дар бораи Эрон
(last modified 2017-08-27T09:45:53+00:00 )
Август 27, 2017 14:45 Asia/Dushanbe
  • Рамзгушоии “Ерусалим пост” аз муҳимтарин пурсиши Натаняҳу аз Путин дар бораи Эрон

Рӯзномаи исроилии “Ерусалим пост” бо ифшои далели сафари Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба Маскав навишт, ки ҳадаф аз ин сафар суоле буда, ки Натаняҳу мехост аз Путин бипурсад.

Ба гузориши  хабаргузории “Спутник”, рӯзномаи “Ерусалим пост” навишт, чизе, ки боис шуд, Натаняҳу дар таътилоти тобистонии Путин дар Сочи ба дидори ӯ равад, тарҳи ин пурсиш буд, ки агар Эрон ҳузури низомии худро дар Сурия тасбит кунад, Маскав чӣ хоҳад кард? Ин рӯзнома навишт, паёми нахуствазири режими саҳюнистӣ барои Путин ҳамон паёме аст, ки ҳафтаи гузашта Ёсси Коҳен, мудири Моссад онро ба Вашингтон мунтақил кард.

Натаняҳу ба Русия ва Амрико эълом кардааст, ки Исроил алайҳи ҳузури низомии Эрон дар Сурия ба иқдоми низомӣ даст хоҳад зад. Ба навиштаи “Ерусалим пост”, Натаняҳу дар сафар ба Маскав ҳамчунин ба дунболи дарёфти посухи ин пурсиш буд, ки агар дар Русия даст ба иқдоми низомӣ бизанад, Русия чӣ гуна ба он посух хоҳад дод?