Август 29, 2017 18:15 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Иморот аз сиёсати танишомез бо Қатар

Сафири Имороти Арабии Муттаҳида дар Амрико гуфт, Абудабӣ омодаи музокираи бидуни пешшарт бо Қатар аст.

Юсуф ал-Утаиба, сафири Имороти Арабии Муттаҳида дар Амрико дар мусоҳиба бо маҷаллаи амрикоии “Атлантик” Ҳукумати Қатарро муттаҳам кард, ки барои музокира ҷиддӣ нест. Ал-Утайба иддао кард, ихтиёри Қатар ба ҷойи амири кунунии ин кишвар ҳамчунон дар дасти падар ӯст, ки алоқаманд ба музокира нест. Ин мақоми Иморот ҳамчунин ба равобити Абудабӣ бо Толибон эътироф карда гуфт, Иморот дар музокира бо Толибон барои кушоиши дафтараш дар ин кишвар шарт гузошт, ки Толибон Қонуни Асосии Иморотро бипазирад, аммо дар ин замина тавофуқи ҳосил нашуд ва Толибон суроғи қатариҳо рафт.

Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн аз июни соли 2017 равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ карда, марзҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии худро ба рӯй он бастанд.

 

Барчасп