Фурупошии як бонди террористӣ, ки қасд дошт, Козиминро ҳадаф қарор диҳад
Сентябр 29, 2017 17:15 Asia/Dushanbe
Вазорати кишвари Ироқ эълом кард, як бонди террористии ДИИШ, ки қасд дошт, дар рӯзи Ошӯро шаҳри Козиминро ҳадаф қарор диҳад, муталошӣ шуд.
Ба нақл аз Сумария-Ниюз, Вазорати кишвари Ироқ эълом кард, нерӯҳои амниятии ин кишвар бо шиносоии аъзои ин бонд ва пай бурдан ба ҳадафи шуми онҳо, монеи як ҳамлаи террористӣ дар рӯзи сугвории мусулмонон шуданд.
Тибқи эъломи Вазорати иттилооти Ироқ, ҳамаи аъзои ин бонди диишӣ кушта шуданд .
Шаҳри Козимин дар Ироқ мадфани ду тан аз наводагони ҳазрати расул (с), имом Мусои Козим (а) ва имом Ҷавод (а) ва маҳалли зиёрати мусулмонон аст .