Октябр 03, 2017 13:31 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои садумин ҳукми эъдоми имсол дар Арабистон

Шумори афроди эъдомшуда дар Арабистон аз ибтидои имсол ба сад нафар расид.

Созмони афви байналмилалӣ аз Арабистон ба хотири раванди эъдомҳо дар ин кишвар интиқод ва эъдоми рӯзи душанбе дар Риёзро маҳкум кард.  

Ин созмон дар баёнияе иҷрои аҳкоми эъдом дар Арабистони Саудӣ бахусус аз моҳи июл ба ин тарафро ҷунуномез тавсиф кард .

Бино бар оморҳои расмӣ, дар соли 2016 дар маҷмуъ 153 нафар дар Арабистони Саудӣ эъдом шуданд .

Созмони дидабони ҳуқуқи башар низ аз Риёз хостааст, ба гардан задани афрод поён диҳад.

Мақомоти арабистонӣ ҳукми эъдомро бо истифода аз шамшер иҷро мекунанд ва ҷасади маъдумонро аз болгард меовезанд, то мардум натиҷаи эъдомро мушоҳида кунанд .

 

Барчасп