Эъломи се рӯз азои умумӣ дар Ироқ
Нахуствазири Ироқ дар паи даргузашти Ҷалоли Толибонӣ, раисҷумҳури собиқи ин кишвар ва дабири кулли Ҳизби иттиҳодияи меҳании Курдистон се рӯз азои умумӣ дар саросари кишвар эълом кард.
Ба иттилои пойгоҳи хабарии Бағдод Алюм, Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ ҳамчунин дастур дод, то пайкари раисҷумҳури собиқи ин кишвар, ки се ҳафтаи пеш барои дармон ба Олмон сафар карда буд, бо ҳавопаймое ихтисосӣ ба Ироқ бозгардонда шавад .
Масъуди Боризонӣ, раиси минтақаи Курдистони Ироқ низ як ҳафта азои умумӣ дар ин минтақа эълом кардааст .
Ҷалоли Толибонӣ дар соли 1933 дар наздикии шаҳри Ербили Ироқ ба дунё омад .
Ӯ нахустин раисҷумҳури ғайриараби Ироқ буд, ки дар соли 2005 ду сол пас аз таҳоҷуми низомии Амрико ба Ироқ ва сарнагунии режими Саддом ба ин симмат интихоб шуд .