Беваи Сафеди ДИИШ кушта шуд
Нерӯҳои амрикоӣ хабар доданд, маъруфтарин зани террористи англиси узви ДИИШ дар ҳамалоти ҳавоӣ дар марзи Ироқу Сурия кушта шудааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, Солли Ҷонс, зани англисе, ки соли 2013 ҳамроҳи писараш ба Сурия рафта, ба ДИИШ пайваста буд, дар моҳи июн дар ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар наздикии марзи Сурия ва Ироқ кушта шудааст.
Манбае дар Созмони ҷосусии Амрико ба рӯзномаи “Сан”-и Англия гуфтааст, нерӯҳои амрикоӣ вақте ки Солли Ҷонс саъй барои фирор аз Раққаро дошт, ӯро аз байн бурданд ва эҳтимолан писари 12-солаи ӯ низ кушта шудааст. Бинобар эъломи ин рӯзнома, Солли Ҷонс маъруфтарин зани аврупоии узви ДИИШ аст, ки дар Англия як хонанда ва навозандаи рок буд ва баъд аз сафар ба Сурия ва издивоҷ бо як ҷавони диишӣ бо навиштаҳои таҳдидомезаш дар “Твиттер” маъруф шуд.
Солли Ҷонси 50-сола аз бадтарин террористҳои англис ба ҳисоб мерафт ва дар моҳи Рамазон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз занони Гласгов, Лондон ва Кардифф хоста буд, дар Биритониё ба ҳамлаҳои террористӣ даст бизананд.