Ҳароси Натанёҳу аз қудрати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа
(last modified Mon, 06 Nov 2017 07:59:18 GMT )
Ноябр 06, 2017 12:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳароси Натанёҳу аз қудрати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа

Нахуствазири режими саҳюнистӣ аз шикасти террористҳои ДИИШ дар Сурия ва қудрати Эрон дар минтақа ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо Би Би Си иддао кард, Эрон бо шикасти террористҳои ДИИШ, нерӯҳо ва таҷҳизоти низомиашро дар наздикии марзҳои Фаластини ишғолӣ мустақар мекунад.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳамчунин аз роҳбурди Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар қиболи Эрон истиқбол ва таъкид кард, мавозеи Трамп ҳамсӯ бо мавозеи Тел-Авив ва бархе кишварҳои арабии минтақа аст.

Натанёҳу дар хусуси густариши шаҳраксозиҳо дар манотиқи ишғолии Фаластин муддаӣ шуд, шаҳраксозиҳо мушкиле надоранд, балки мушкил ин аст, ки фаластиниён аз ба расмият шинохтани Исроил худдорӣ мекунанд ва агар ин мушкил ҳал шавад, мушкилоти дигар, аз ҷумла шаҳраксозиҳо низ ҳал хоҳад шуд.

 Нахуствазири режими саҳюнистӣ нақзи ҳуқуқи башар дар Исроил, ҳабс ва шиканҷаи кӯдакони фаластинӣ ва ҳамчунин тахриби хонаҳои фаластиниёнро рад кард ва гуфт, Исроил ба унвони як фонуси дарёӣ барои демократия амал мекунад.

Ин иддаоҳо аз сӯйи нахуствазири режими саҳюнистӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ҷиноёти ин режим зидди фаластиниҳо дар канори бархурдории Исроил аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва беэътиноӣ ба қонунҳои байналмилалӣ муҷиб шуда, ки ин режим конуни буҳрон дар минтақаи Ховари Миёна бошад.