Вобастагони ДИИШ ҳамлаи террористии Мисрро бар ӯҳда гирифтанд
Ноябр 26, 2017 14:47 Asia/Dushanbe
Гурӯҳи мавсум ба “Ансори Байтулмуқаддас” вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ, масъулияти ҳамла ба масҷиде дар устони Синои шимолии Мисрро бар ӯҳда гирифт.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Ал Ватан Ал Арабӣ”, ин гурӯҳ бо судури баёнияе дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”, муддаӣ шуда, ки неруҳояш ҳамла ба масҷиди Ал Равзаро бо кор гузоштани бомб ва истифода аз анвои силоҳҳо анҷом додаанд, ки навор видеоии он ба зуддӣ мунташир хоҳад шуд.
Ҳамлаи террористии рӯзи ҷумъа ба намозгузорони масҷиде дар шаҳристони Ал Ариш, маркази устони Синои шимолии Миср ба кушта шудани 305 аз ҷумла 27 кӯдак ва захмӣ шудани даҳҳо намозгузор дигар мунҷар шуд.