Декабр 04, 2017 12:37 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 117 шаҳрванди ироқӣ дар ноябри 2017

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Ироқ (UNAMI), аз кушта шудани 117 шаҳрванди ироқӣ тайи моҳи ноябри 2017 дар ҷараёни иқдомоти террористӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, бар асоси эъломи « UNAMI », 264 нафар аз шаҳрвандони ироқӣ низ дар моҳи ноябри гузашта, бар асари иқдомоти террористӣ ва ҳамалоти мусаллаҳона захмӣ шудаанд. Дар байни ин омор ва арқом, Бағдод ба унвони пурхушунаттарин минтақа дар иқдомоти террористӣ бо 201 нафар (51 кушта ва 150 захмӣ) эълом шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи амниятӣ дар устони Ал Анбори Ироқ эълом кард, неруҳои амниятӣ ба анбори мутааллиқ ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақаи Ал Қоим дар ғарби ин устон, ки ҳовии миқодири зиёди маводи химиёвӣ аст ва аносури террористӣ аз он барои захира ва сохти ҳазорон маводи мунфаҷира дар иқдомоти террористӣ истифода мекарданд, даст ёфтанд.

Хабаридигар ин ки манобеи хабарӣ ба нақл аз як манбаи амниятии баландпояи Ироқ аз эъломи пирӯзии ниҳоӣ дар баробари ДИИШ дар ин кишвар дар шанбеи оянда хабар доданд. Ба гуфтаи ин манбаи амниятӣ, мақомоти ироқӣ барои эъломи пирӯзии ниҳоӣ дар баробари гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҷараёни режаи низомӣ, ки шанбеи оянда, нӯҳуми моҳи декабр дар Ироқ баргузор хоҳад шуд, барномарезӣ мекунанд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ аз 2014 бо ҳимояти Амрико ва Арабистон, бо ҳамла ба Ироқ бахшҳое аз шимол ва ғарби ин кишварро ишғол кард, аммо артиши Ироқ бо пуштибонии неруҳои басиҷи мардумӣ тақрибан ҳамаи ин манотиқро аз ишғоли аносури ДИИШ озод кардааст.

 

 

Барчасп