Насруллоҳ: Трамп пас аз эъломи тасмимаш дар бораи Қудс танҳо монд
(last modified Tue, 12 Dec 2017 09:44:21 GMT )
Декабр 12, 2017 14:44 Asia/Dushanbe
  • Насруллоҳ: Трамп пас аз эъломи тасмимаш дар бораи Қудс танҳо монд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Раисҷумҳури Амрико пас аз эъломи тасмими худ дар бораи Қудс танҳо монд ва фақат режими саҳюнистӣ ҳамроҳи ӯст.

Саид Ҳасани Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон пас аз поёни тазоҳурот ба муносибати ҳимоят аз Қудс дар дар ҷануби Бейрут афзуд: Миллатҳои арабӣ ва исломӣ бидонанд, ки тазоҳуроту таҷаммуоти онон дар ҳимоят аз шаҳри ишғолии Қудс бисёр муҳим аст, зеро ин ҳузур навъе аз анвои мухталифи рӯёрӯӣ бо ишғолгарон ва муқобила бо тасмими Амрико дар бораи Қудс аст .

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Пас аз тасмими Трамп вақти он расида то бифаҳмем, ки Амрико ҳомии терроризм аст ва касе аст, ки ДИИШ-ро ба вуҷуд овард .

Саид Ҳасани Насруллоҳ хостори он шуд, ки аз тариқи фишори мардумӣ ва қатъи равобити давлатҳо бо режими саҳюнистӣ, ин режим мунзавӣ шавад .

Насруллоҳ ҳамчунин бо ишора ба ҳузури ҳайъати баҳрайнӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ низ гуфт: Ин ҳайъат намояндаи мардуми Баҳрайн нест.  

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Режими Баҳрайн тазоҳуроти мардуми ин кишварро дар ҳимоят аз Фаластин саркуб мекунад ва ҳамзамон ҳайъатеро барои созишкорӣ бо душмани саҳюнистӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ эъзом мекунад, ки ин аз ифтизоҳҳои режими Баҳрайн аст .