Декабр 19, 2017 19:43 Asia/Dushanbe
  • Гузориши СММ дар бораи идомаи куштори ғайринизомиён дар Яман

Сухангӯи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ҳамалоти Арабистони Саудӣ ба Яман мунҷар ба кушта шудани 136 ғайринизомии яманӣ шуд.

Руперт Колвил, сухангӯи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид имрӯз дар Женева эълом кард, ҳамалоти эътилоф бо раҳбарии Арабистони Саудӣ дар ду ҳафтаи ахир ба кушта шудани ҳадди ақал 136 ғайринизомӣ дар Яман мунҷар шудааст. Омори сухангӯи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба талафоти ғайринизомиёни яманӣ ба ду ҳафта, аз 6-уми декабр то кунун марбут мешавад.

Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико аз моҳи марти соли 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ин ҳамлаи низомӣ илова бар ба ҷо гузоштани ҳазорон кушта даҳҳо ҳазор захмӣ ва миллионҳо овора кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ, дору ва хурӯҷи бемории вабо мувоҷеҳ кардааст.

 

Барчасп