Август 22, 2016 18:38 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба нақши Амрико ва Англия дар куштори мардуми Яман

Хабарҳо аз идомаи ҷиноёти Оли Сауд алайҳи мардуми Яман ҳикоят доранд ва дар ин чорчӯб ҳамалоти ҳавоии режими Саудӣ ба Яман шуморе кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Бар асари ҳамлаи ҷангандаҳои Арабистони Саудӣ ба манотиқи маскунӣ ва таъсисоти зербиноӣ (инфросохтор) дар чандин вилояти Яман дар рӯзҳои ахир даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Яман кушта ва захмӣ шуданд. Ташдиди ҷиноёти Арабистон алайҳи мардуми Яман, ки бо ҳимоятҳо ва "чароғи сабз"-и Амрикову Англия сурат мегирад, бо вокунишҳое ҳамроҳ будааст. Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳое аст, ки аз силоҳҳои мамнӯъ алайҳи мардуми бедифои Яман истифода мекунад.

Гузоришҳо нишон медиҳад, ки Англия аз замони оғози ҳамалоти Арабистони Саудӣ ба Яман ба миқдори ду миллиарду 800 миллион фунт иҷозатномаи фурӯши силоҳ ба режими Оли Сауд содир кардааст. Ин дар шароите аст, ки Кумитаи тавсеа ва таҳқиқи байналамилал дар Маҷлиси авоми Англия ва парлумони Урупо таҳти фишори афкори умум таҳрими таслиҳотии Арабистонро хостор шуданд, аммо Ҳукумати Англия ҳамчунон ба ҳимоят аз ин режими мустабид идома медиҳад. Коршиноси масоили сиёсӣ низ таъкид кардааст, ки Амрико барои боздоштани ҷиноёти Арабистон дар Яман ҷиддият надорад.

Майкл Спрингмэнн, як дипломати собиқи Амрико дар Арабистон таъкид кардааст, дар сурате ки Вашингтон хоҳони хотима додан ба таҷовузҳои Арабистон дар Яман буд, аз мусаллаҳ кардани ин кишвар худдорӣ намекард. Ба гуфтаи ин коршинос, таълиқи равобити дипломатӣ бо Риёз, мамониат аз сафари мақомоти Риёз ба Амрико ва ё пулу силоҳ ба Арабистон нафиристодан аз ҷумлаи иқдомоте аст, ки Амрико метавонад дар бархӯрд бо ҷиноёти он кишвар анҷом диҳад. Ӯ афзуд, фишори ҷомеаи байналамилалӣ ба Арабистон ба хотири он чӣ дар Яман дар ҷараён аст, рӯ ба афзоиш аст.

Муҳаммад Тоҳир, яке аз раҳбарони Ҳизби рашоди салафии Яман таъкид кард, Оли Сауд, ки бо ҳимояти Амрико ва режими саҳюнистӣ куштори рӯзонаи мардуми Яманро оғоз кардааст, акнун бадтарин шеваҳои ваҳшигариро зидди яманиҳои мазлум ба кор мегирад. Дар чунин шароит ширкаткунандагони Конфронси байналамилалии ҳимоят аз мардуми Яман асри рӯзи якшанбе дар баёнияе зимни таъкид ба фавран қатъ кардани ҳамалаҳои таҷовузкорона алайҳи Яман хостори таҳқиқи байналамилалӣ дар мавриди ҷиноятҳо алайҳи ин кишвар шуданд.  Ширкаткунандагони ин конфронси дурӯза, ки рӯзи шанбеи гузашта дар меҳмонхонаи "Пуллмэн" дар Лондон ва бо ҳузури шуморе аз фаъолони сиёсию маданӣ, рӯҳониёни шиаю суннӣ аз Англия ва соири кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои арабӣ оғоз шуд, дар баёнияе хостори эҳтироми аъзои Созмони Милал ба ҳаққи ҳокимияти мардуми Яман шуданд. Дар ин баёния бо ишора ба гузоришҳои мунташиршуда дар ҷараёни ин конфронси байналамалалӣ дар мавриди хисороти сангини инсонию модӣ ба Яман ба далели ҳамалоти Арабистону муттаҳидонаш аз 26 марти соли 2015 то кунун таъкид шудааст, ширкаткунандагони ин конфронс ба ин хулоса расиданд, ҷанг алайҳи мардуми Яман "ноодилона, бехирадона ва ғайрахлоқӣ" аст. Дар ин баёния гуфта мешавад, ширкаткунандагони ин конфронс таъкид доранд, ки ҷиноёти ҷангии Арабистони Саудию муттаҳидонаш, куштори дастаҷамъии суратгирифта алайҳи мардуми Яман қобили чашмпӯшӣ ва нодида гирифтан набуда, лозим аст, ки маҷмааҳои ҳуқуқи башари байналамилалӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи лозим намоянд.