Январ 12, 2018 17:31 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Қатар аз Аморот ба Шӯрои амният

Намояндаи доимии Қатар дар Созмони Милали Муттаҳид шаби панҷшнбе аз Аморот ба Шӯрои амният шикоят кард.

Ба гузориши ИРНА, Улиё бинти Аҳмад ибни Сайф Оли Сонӣ дар номае ба раиси Шӯрои амният дар эътироз ба нақзи ҳарими ҳавоии Қатар аз ҷониби Аморот навишт, як ҳавопаймои ҷангии Аморот 21 декабри соли 2017 ба муддати як дақиқа дар иртифои 33 ҳазор пой бар фарози минтақаи вижаи иқтисодии Қатар парвоз кардааст. Дар ин нома таъкид шудааст, ин иқдоми Аморот бар асоси қавонини байналмилалӣ, нақзи ошкори ҳокимияти Қатар аст. Намояндаи доимии Қатар дар Созмони Милали Муттаҳид ин иқдоми Аморотро таҳрикомезу хасмона хонда, таъкид кардааст, Доҳа иқдомоти лозимро барои дифоъ аз марзҳо, ҳарими ҳавоӣ ва амнияти миллии худ иттихоз хоҳад кард.

Арабистон, Аморот, Миср ва Баҳрайн аз панҷуми июни соли 2017 ба далели ҳамсӯ набудани Доҳа бо ҷараёни арабӣ ба раҳбарии Риёз равобити дипломатии худро бо Доҳа қатъ карданд ва илова бар таҳрими Доҳа марзҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии худро низ ба рӯй Қатар бастанд.

 

Барчасп