Январ 12, 2018 21:11 Asia/Dushanbe
  • Мақоми фаластинӣ: Ҳозир ба кор бо давлати Трамп нестем

Мушовири аршади раиси Ташкилоти худгардони Фаластин (ФАТҲ) гуфт, ин ташкилот ҳозир ба кор бо давлати кунунии Амрико нест.

Набил Шаат (Nabil Shaath), мушовири аршади раиси Ташкилоти худгардони Фаластин рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо ИРНА гуфт, он чӣ Амрико намехоҳад бифаҳмад ва ба он эътироф кунад, ин аст, ки ҷаҳон тағйир кардааст ва дигар бо хатоҳое, ки Амрико дар Ховари Миёна муртакиб мешавад, кӯркӯрона бархӯрд намекунад. Шаат афзуд, Амрико дар чанд соли гузашта Исроилро раҳо кардааст, то Каронаи Бохтарии рӯди Урдунро ба таври комил ишғол кунад, аммо Фаластин иҷоза намедиҳад, ин раванд идома ёбад.

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ҳам моҳи гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истанбул дар бораи тасмими Трамп зидди Қудс гуфт, аз ин ба баъд дигар нахоҳад пазируфт, Амрико нақше дар фароянди сиёсии минтақа ифо кунад. Ин мавзеъгириҳо пас аз он аст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шашуми декабри соли 2017 Қудсро пойтахти режими саҳюнистӣ донист ва ҳамзамон дастур дод, муқаддамоти интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Қудс анҷом шавад.