Январ 14, 2018 13:52 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди «СОФ» : Фаластинро ба расмият бишиносед

Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) аз кишварҳое, ки ҳанӯз Фаластинро ба унвони як кишвари мустақил ба расмият нишинохтаанд, хост ин корро анҷом диҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ин созмон шанбе шаб дар баёнияе, хоҳони баргузории нишасти байналмилалӣ, зери назари Созмони Милали Муттаҳид шуд, ки дар он, ташкили кишвари Фаластин тазмин шавад.

Созмони озодибахши Фаластин, ба расмият шинохтани режими Исроилро ҳам рад ва эълом кард, Созмони озодибахши Фаластин бо сиёсати дикта кардани умур, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико мекӯшад, дар ҳамоҳангӣ бо Исроил бар фаластиниён таҳмил кунад, мухолиф аст.

Созмони озодибахши Фаластин ҳамчунин бар аҳаммияти оштӣ байни ҳамаи гурӯҳҳои фаластинӣ, таъкид кард ва хоҳон басиҷи ҳама барои шикастани муҳосираи Борикаи Ғазза шуд.

Доналд Трамп, шашуми декабри 2017, Қудсро ба унвони пойтахти режими ҷаълии саҳюнистӣ, муаррифӣ кард ва ҳамзамон дастур дод муқаддамоти интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Қудс, анҷом шавад.