Валиаҳди Арабистон аз савдои қудрат то кобуси муҷозот
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i28775-Валиаҳди_Арабистон_аз_савдои_қудрат_то_кобуси_муҷозот
Сухангуи Дидабони ҳуқуқи башар аз Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид хост, Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистонро ба сабаби ҷиноятҳои ҷангӣ, ки дар Яман муртакиб шудааст, таҳти пайгарди қонунӣ қарор диҳад ва муҷозот кунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 20, 2018 22:24 Asia/Dushanbe
  • Валиаҳди Арабистон аз савдои қудрат то кобуси муҷозот

Сухангуи Дидабони ҳуқуқи башар аз Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид хост, Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистонро ба сабаби ҷиноятҳои ҷангӣ, ки дар Яман муртакиб шудааст, таҳти пайгарди қонунӣ қарор диҳад ва муҷозот кунад.

Аҳмад бен Шамсӣ, сухангуи Дидабони ҳуқуқи башар дар гуфтугӯе тасреҳ кард,  Муҳаммад бен Салмон, ба унвони вазири дифои Арабистон, масъули ҳамаи таҳаррукотест, ки дар ҷарёни ҷанги Яман иттифоқ меафтад .

Вокунишҳои байналмилалӣ алайҳи ҷиноёти Арабистон дар Яман доманааш ба маҷомеи ҳуқуқии ғарбӣ назири Дидабони ҳуқуқ башар кашида шудааст, ки маъмулан дар баробари ҷинояти Оли Сауд сукут ихтиёр мекунанд.

Ин мавзуъ ҳассосиятҳои рӯзафзуни ҷаҳонӣ дар хусуси ҷиноёти Арабистон дар Яман таҳти фишори афкори умумиро нишон медиҳад.

Таҳаввулоти Арабистон нишон медиҳад, ки Муҳаммад бен Салмон, ба унвони ҷавонтарин валиаҳди торихи Арабистони Саудӣ бо хомандешиҳои ваҳшатноке, ки дорад, чашмандозе тираву торикеро барои ин кишвар тарсим кардааст.

Валиаҳди Арабистон бешак меъмори ботлоқи хунин дар Яман шинохта мешавад.

Асосан  Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистонро бояд нусхаи ба рӯз шуда ва мотори муҳаррикаи тафаккури ваҳҳобизми ҷадид донист.

Нусхаи ҷадиди ваҳҳобияти таҳти раҳбарии Муҳаммад бен Салмон, муваллиди истибдоду терроризм ва мудохилагарии ҷадид ва дар айни ҳол хатарноктаре аст.

Дар чорчуби ин таҳаввулот, Салмон бен Абдулазиз, подшоҳи Арабистон Муҳаммад бен Ноевро аз валиаҳдии ин кишвар халъ ва писараш Муҳаммад бен Салмонро, ки ҳамзамон вазири дифоъ ва ҷонишини валиаҳди Арабистон буд, ба унвони валиаҳди ҷадид мансуб кард.  

Бо вуруди Муҳаммад бен Салмон ба саҳнаи қудрат, низоми ҳукуматӣ дар Арабистон шакли истибдодитар ва махуфтаре ба худ гирифтааст.

Дар буъди хориҷӣ низ сиёсатҳои Муҳаммад бен Салмон, ки натоиҷе ҷузи шикаст ва фаҷоеи башарӣ надошта, боиси таназзули беш аз пеши ҷойгоҳи Арабистон ва матраҳ шудани беш аз пеши ин кишвар баунвони ноқизи ҳуқуқи инсонӣ ва ҷинояткори ҷангӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шудааст.

Дар чунин фазое маҷомеи ҳуқуқӣ хостори муҷозоти Бен Салмон ба унвони мусаббиби ҳаводиси фоҷеабори Яман шудаанд.

Ин мавзуъ боис шудааст, то руъёҳои ҷоҳталабона ва баландпарвозонаи валиаҳди Арабистон кам-кам ранг бохта ва ҷои худро ба кобусҳояш дар хусуси мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтан бадалели ҷиноёташ диҳад .