Январ 21, 2018 15:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия дар бораи танишофаринии Амрико дар шимоли Сурия

Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе бо интишори баёнияе зимни ҳушдор дар бораи иқдомоти танишофарини Амрико дар шимоли Сурия эълом кард, дастрасии шибҳинизомиёни мусаллаҳи вобаста ба Амрико дар шимоли Сурия ба таслиҳоти ҷангии модерн, мунҷар ба афзоиши танишҳо дар ин минтақа шудааст. Ҳушдори шадиди Русия дар бораи иқдомоти танишзои Амрико дар шимоли Сурия бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахир, сурат гирифтааст.

Эътилофи ба саркардагии Амрико дар Сурия ҳафта гузашта эълом кард, Вашингтон бо ҳамкории неруҳои ҳампаймони худ дар шимоли Сурия, дар садад аст, неруи амниятии марзии ҷадиде, муташаккил аз 30 ҳазор нафар ташкил диҳад, ки умдатан муташаккил аз шибҳинизомиёни курди ягонҳои мудофеи халқ (ЕПГ) ҳастанд, ки шохаи низомии ҳизби курди Иттиҳоди демократи (П И Д), маҳсуб мешавад.

Давлати Амрико ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, ба сурати ғайриқонунӣ ва бидуни иҷозаи давлати Сурия дар ин кишвар ҳузури низомӣ дорад. Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико бар идомаи ҳузури низомии ин кишвар дар Сурия, таъкид кардааст.

Дар давраи Трамп, Вашингтон сиёсати ҳимояти ҳамаҷониба аз курдҳои Сурияро ба баҳонаи мубориза бо ДИИШ дар пеш гирифт ва токунун ҳудуди 4 ҳазору 500 контенер таҷҳизоти низомӣ ва анвои таслиҳотро барои онҳо ирсол кардааст.

Пас аз шикасти ДИИШ ва аз даст додани манотиқи таҳти сайтараи онҳо, масъалаи матраҳ ин аст, ки Амрико қасд дорад, чӣ сиёсате дар Сурия дар пеш бигирад.

Амрико муддаӣ шуда, ки ҳадафаш аз боқимондан дар Сурия,ҷилавгирӣ аз шаклгирии дубораи ДИИШ ё “ДИИШ дуввум” аст. Дар воқеъ Вашингтон бо иқдомоти ахираш бори дигар ба пурранг кардани нақши худ дар буҳрони Сурия, пардохта ва ба русҳо фаҳмонда, ки наметавонад нақши онро дар Сурия нодида гирад. Давлати Трамп акнун дар садад аст, то ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз шаклгирии ДИИШ бо ташкили як неруи курдии 30 ҳазорнафарӣ ва истиқрори онҳо дар имтидоди марзҳои Сурия бо Туркия ва Ироқ, зимни боқимондан дар Сурия ва табдили он ба маҳалли ҷадиде барои неруҳо ва пойгоҳҳои низомии худ, аҳдофаш дар ин кишварро таҳаққуқ бахшида ва бо аҳдофи маддиназари меҳвари Эрон- Русия- Сурия, муқобила кунад.

Ин иқдоми Амрико вокуниш шадиди Туркияро барангехта ва муҷиби оғози амалиёти низомии Туркия, алайҳи курдҳо дар минтақаи Африн шудааст.

Richard Weitz, коршиноси амрикоӣ мӯътақид аст, ки Амрико барои муқобила ба ҳамлаи низомии Туркия ба шимоли Сурия, ба иқдоми низомӣ мутавассил намешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъият, Русия ба унвони яке аз бозигарони умдаи арсаи Сурия мӯътақид аст, ки ҳадафи Амрико аз иқдомоти ахираш, идомаи ҳузури низомии ғайриқонунӣ дар Сурия аст.

Vichslav Matazov, таҳлилгари русӣ мӯътақид аст, Русия бо гушӯда шудани ҷабҳаи ҷадиде дар Сурия мувофиқ нест, аммо ин мухолифат ба маънеи ҳамроҳии Русия бо курдҳо нест.

Мусалламан тадовуми вазъияти кунунӣ дар шимоли Сурия, мӯҷиби афзоиши эҳтимоли бурузи даргириҳои ҷадид ва густурда дар ин минтақа, байни Туркия ва курдҳои Сурияро афзоиш дода ва мӯҷиби ташдиди танишҳои минтақаӣ, хоҳад шуд.

 

Барчасп