Мавозеи муздурони Саудӣ ҳадафи ҳамалоти тӯпхонаии артиши Яман қарор гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i29451-Мавозеи_муздурони_Саудӣ_ҳадафи_ҳамалоти_тӯпхонаии_артиши_Яман_қарор_гирифт
Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар чанд минтақа, мавозеи муздурони Саудӣ ва худравҳои зиреҳии неруҳои артиши Арабистонро ҳадаф қарор дода ва муваффақ шуданд, хисоратҳое ба онҳо ворид кунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 03, 2018 18:25 Asia/Dushanbe
  • Мавозеи муздурони Саудӣ ҳадафи ҳамалоти тӯпхонаии артиши Яман қарор гирифт

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар чанд минтақа, мавозеи муздурони Саудӣ ва худравҳои зиреҳии неруҳои артиши Арабистонро ҳадаф қарор дода ва муваффақ шуданд, хисоратҳое ба онҳо ворид кунанд.

Ба гузориши “Ал Масира”, ягони тӯпхонаии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман маҳалли таҷаммӯи муздурони саудиро дар минтақа “Elitema” дар устони «Ал Ҷавф» дар шимоли ин кишвар, ҳадаф қарор доданд.

Неруҳои артиши Яман, як худрави зиреҳии муздурон саудиро низ дар саҳрои «Albuqa» ҳадафи ҳамалоти хумпораии худ қарор доданд ва мунҳадим карданд. Дар ин ҳамла тамоми муздурони ин худрави зиреҳӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамин ҳол, дар устони Таъиз дар ҷануби ғарби Яман ҳам артиш ва кумитаҳои мардумӣ, мавозеи муздурони саудиро дар шимоли пойгоҳи низомии «Холид» дар шаҳри «Mawza» ҳадаф қарор доданд, ки мунҷар ба ҳалокат ва захмӣ шудани теъдоде аз ин муздурон шуд.

Неруҳои ягони тӯпхонаии артиши Яман ҳамчунин як худрави зиреҳии неруҳои саудиро дар Ҷизони Арабистон ҳадаф қарор доданд ва ҳар ду худравро мунҳадим карданд.

Дар “Asir” дар ҷануби Арабистон низ неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, амалиётеро алайҳи муздурони саудӣ дар манотиқ «Табаҳ Алхазон» ва «Алқаносин» иҷро кардаанд, ки мунҷар ба ҳалокат ва захмӣ шудани шуморе аз ин муздурон шуд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико аз марти 2015 ба Яман ҳамла карда ва сипас ин кишварро таҳти муҳосира заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ қарор додааст. Ҷангафрӯзии Арабистон дар Яман, токунун ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Неруҳои яманӣ ҳам дар вокуниш ба ҳамалоти мутаҷовизон, мавозеъ ва пойгоҳҳои режими Оли Сауд ва муздуронашро дар Яман ва дохили хоки Арабистон ҳадаф қарор медиҳанд.