Феврал 24, 2018 19:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Авфи байналмилал дар бораи ислоҳоти таблиғотии валиаҳди Саудӣ

Созмони Афви байналмилал ҳушдор дод, масъулони Саудӣ аз замони валиаҳди Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ҷавони Арабистон раванди ҳамалот, алайҳи мухолифонро афзоиш додаанд.

Ба гузориши “Радио Дарӣ”, Катиа Ро, масъули озодиҳои умумӣ ва фардии Созмони Афви байналмилал бо ишора ба тахаллуфот ва нақзҳои хатарноки ибни Салмон алайҳи мухолифон, гуфт, мухолифони сиёсӣ, мудофеони ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорони арабистонӣ бо ҳадафи сокит шудан дар маърази ҳамла ва ҳаҷма қарор мегиранд.

Вай изҳороти валиаҳди Саудӣ дар гузориши соли 2018 Арабистон дар Порис, бино бар анҷоми ислоҳот барои кумак ба фазои бози сиёсӣ ва модерниза кардани кишвар, гуфт, дар сояи нақзи хатарноки ҳуқуқи башар ва саркӯби ҷомеаи маданӣ дар Арабистон, ин изҳорот наметавонд бар воқеиятҳои авзоъ дар ин кишвар, сарпӯш бигузорад.

Масъули озодиҳои умумӣ ва фардии Созмони Афви байналмилал бо ишора ба ташдиди саркӯби мухолифон пас аз қонуни ҷадиди мубориза бо терроризм дар Арабистон, афзуд, таътилии созмонҳо ва ҳабси аъзои онҳо бар асоси иттиҳомоти беасос нишон дод, ки ҷойгузини ин қонун ба ҷои қонуни 2014 боиси саркӯби бештар дар ин кишвар шудааст.

Дар ҳамин иртибот Малик Салмон, шоҳи Саудӣ ба манзури ҷуброн сӯимудирияти валиаҳд ва фарзанди худ, бо бародарзодаҳои худ Мутъаб ибни Абдуллоҳ ва Валид ибни Талол, ки ба иттиҳоми фасоди молӣ дар меҳмонхонаи «Ритз Карлтон» нигаҳдорӣ мешаванд, дидору гуфтугӯ кард.

Режими Саудӣ ба баҳонаи мубориза бо фасод, аз чаҳоруми ноябри 2017 зимни боздошти иддае аз шоҳзодаҳои Саудӣ, аз марҳалаи блока кардани ҳисоби шоҳзодаҳо ва мусодираи дороиҳои онон, вориди марҳалаи боҷгирӣ шуд, ки ба эътиқоди коршиносон ин иқдомот барои афзоиши қудрати Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ анҷом шуд.

 

Барчасп