Селфии хабарсози Ҳарирӣ бо валиаҳди Арабистон ва бародараш
Март 03, 2018 10:17 Asia/Dushanbe
Акси селфии нахуствазири Лубнон бо валиаҳди Арабистон ва бародараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарсоз шуд.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Саъдул Ҳарирӣ- нахуствазири Лубнон дар ҷараёни сафараш ба Риёз бо Муҳаммад ибни Салмон- валиаҳди Арабистон ва бародараш Холид-сафири ин кишвар дар Амрико як акси селфӣ гирифт.
Алҳарирӣ дар Твиттери худ навишт, ин акс дар Риёз гирифта шудааст.
Ҳарирӣ ва ду мақоми саъудӣ дар ин акс бидуни либоси расмӣ зоҳир шуда ва Холид ибни Салмон дасти худро бар руйи шонаи Ҳарирӣ гузоштааст.