Селфии хабарсози Ҳарирӣ бо валиаҳди Арабистон ва бародараш
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i30749-Селфии_хабарсози_Ҳарирӣ_бо_валиаҳди_Арабистон_ва_бародараш
Акси селфии нахуствазири Лубнон бо валиаҳди Арабистон ва бародараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарсоз шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 03, 2018 10:17 Asia/Dushanbe
  • Селфии хабарсози Ҳарирӣ бо валиаҳди Арабистон ва бародараш

Акси селфии нахуствазири Лубнон бо валиаҳди Арабистон ва бародараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарсоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Саъдул Ҳарирӣ- нахуствазири Лубнон дар ҷараёни сафараш ба Риёз бо Муҳаммад ибни Салмон- валиаҳди Арабистон ва бародараш Холид-сафири ин кишвар дар Амрико як акси селфӣ гирифт.

Алҳарирӣ дар Твиттери худ навишт, ин акс дар Риёз гирифта шудааст.

Ҳарирӣ ва ду мақоми саъудӣ дар ин акс бидуни либоси расмӣ зоҳир шуда ва Холид ибни Салмон дасти худро бар руйи шонаи Ҳарирӣ гузоштааст.