Апрел 21, 2018 16:32 Asia/Dushanbe
  • Кушта ва захмӣ шудани даҳҳо муздури Саудӣ дар амалиёти неруҳои яманӣ

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, тайи амалиёте дар устони Ал Махо (ҷанубу ғарби Яман), даҳҳо муздури саудиро куштанд ва ё захмӣ карданд.

Ба гузориши “Ал Масира”, дар идомаи амалиёти артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, алайҳ саудиҳо ва муздурони онҳо дар устони Ал Махо ҳамчунин чаҳор худрави мутааллиқ ба онон мунҳадим шуданд. Ин дар ҳоле аст, ки мутаҷовизони саудӣ, манотиқи мухталифи устони Саъда (шимоли Яман )-ро ҳадафи ҳамалоти шадиди тӯпхонаӣ қарор доданд.

Расонаи амрикоии “Associated Press” ба нақл аз як мақоми амниятии баландпоя дар Адан фош кард, Иморот бо истифода аз гурӯҳҳои террористии  Алқоида ва ДИИШ барои ҷангидан бо ҷунбиши мардумии Ансоруллоҳи Яман дар ин кишвар ҳузур пайдо кард ва аз тариқи ин гурӯҳҳои ифротӣ токунун дастикам 20 имомони ҷамоати шаҳри Аднро террор кардааст.

Хабари дигар ин ки сокинони ҷануби Яман бо баргузории тазоҳуроте иқдоми низомиён иморотӣ ва муздурони вобастаро алайҳи фаъолон, мубаллиғон ва хатибони масоҷид дар Адан маҳкум бар ва хурӯҷи мутаҷовизон аз ин кишвар таъкид карданд.

Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот, порчанавиштаҳо  дар даст доштанд, ки дар он бар озодии фаврии зиндониёни дарбанд таъкид шуда буд.

Режимҳои мудохилаҷӯе назири Иморот ва Арабистон, ки дар заминаи низомӣ дар ноилшудан ба аҳдофашон дар Яман ноком мондаанд бо тавтеагарӣ дар манотиқи мухталиф бавижа ҷануби Яман ва табдили ин манотиқ ба конуни террористҳо дар пайи пешбурди сиёсатҳои фитнагаронаи худ, ҷиҳати таҷзияи ин кишвар гом бардоштаанд.

 

Барчасп