Куштори фаластиниён дар "Рӯзи Никбат"; ҷомеъаи ҷаҳонӣ маҳкум кард
Куштори бераҳмонаи шаҳрвандони фаластинии эътирозгар ба интиқоли Сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас бо вокуниши густардаи кишварҳо, мақомот ва созмонҳои байналмиллалӣ ру ба ру шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Руйтерз, дафтари Эманоел Макрон-раиси ҷумҳури Фаронса бо интишори баёнияе зимни маҳкумкардани куштори рӯзи душанбеи даҳҳо фаластинӣ ба дасти низомиёни исроилӣ дар Ғазза хостори таваққуфи хушунат зидди фаластиниён шуд.
Бар асоси баёнияи Дафтари риёсатҷумҳурии Фаронса , Эманоел Макрон дар рӯзҳои оянда бо ҳамаи бозигарони минтақаӣ дар бораи поёндодан ба хушунат дар заминҳои фаластинӣ ройзанӣ хоҳад кард.
Дафтари нахуст вазири Британия ҳам дар вокуниш ба куштори мардуми Ғазза ба дасти низомиёни саҳюнист дар баёнияе эълом кард: Мо ба хабарҳои мунташиршуда дар хусуси иҷрои хушунатҳо ва кушта шудани даҳҳо тан аз сокинони борикаи Ғазза нигаронем.
Ин баёния ҳамчунин хостори хештандорӣ ва таваққуфи хушунатҳо дар Ғазза ва низ парҳез аз иқдомҳои вайронкунанда дар масири сулҳ шудааст.
Аз сӯи дигар Вазорати хориҷаи Олмон низ дар вокуниш ба куштори мардум дар Ғазза хостори таваққуфи хушунатҳо ва пешгирӣ аз вахимшудани вазъият шуд. Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Олмон омадааст: Ҳама бояд барои, инки вазъият дар Ғазза вахимтар ва бадтар нашавад, иқдом кунанд.
Вазорати хориҷаи Канада ҳам бо тавҷеҳнопазир хондани куштори рӯзи душанбеи фаластиниҳо аз сӯи низомиёни саҳюнист, нигаронии Канадаро аз шадидшудани хушунат зиддифаластиниҳо иброз дошт.
Федрика Могринӣ-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ рӯзи душанбе дар пайи куштори фаластиниҳо дар ҷараёни тирпаронии низомиёни режими саҳюнистӣ дар имтидоди марзи Ғазза гуфт: Исроил бояд ба ҳаққи эътирози сулҳомез ва асли иҷрои хушунати мутаносиб эҳтиром гузорад.
Дар ҳамин ҳол Антонио Гутереш-Дабири кулли Созмони Миллали муттаҳид дар хусуси воқеъаҳои хунини Ғазза ибрози нигаронӣ кард ва хостори таваққуфи хушунатҳо дар ин минтақа шуд.
Ҳамчунин Созмони афви байналмиллал низ бо маҳкум кардани куштори мардуми Ғазза ба дасти низомиёни саҳюнист хостори таваққуфи фаврии хушунатҳо алайҳи мардуми Ғазза шуд.
Ҳизбҳо ва анҷуманҳои ҳуқуқи башарӣ дар Аврупо ва Амрико дар баёнияҳои ҷудогона воқеъаҳои Ғаззаро маҳкум карданд.
Вокнишҳои кишварҳои арабӣ ва исломӣ ба ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба мардуми Фаластин
Бархе кишварҳои арабӣ ва исломӣ бо маҳкум кардани воқеъаҳои Ғазза бо интиқоли Сафорати Амрико ба Қудс мухолифат карданд.
Саъид Абуъалӣ-муовини Дабирикулли Иттиҳодияи араб дар баёнияе хостори дахолати фаврии байналмиллалӣ барои пешгирӣ аз куштори фаластиниҳо ба дасти низомиёни режими ишғолгари Қудс шуд.
Вазорати хориҷаи Сурия эълом кард, ки ин кишвар куштори ваҳшиёнаи миллати мазлуми Фаластин ба дасти ишғолгарони саҳюнистро маҳкум мекунад ва дар канори фаластиниҳо боқӣ мемонад.
Саъд ал-Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон ҳам интиқоли Сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Қудсро маҳкум кард.
Вазорати хориҷаи Урдун, Миср, Алҷазоир ва Тунис низ бо интишори баёнияҳое ҷудогона куштори мардум дар Ғаззаро маҳкум ва хостори таваққуфи хушунатҳо алайҳи мардуми Ғазза шуданд.
Дар ҳамин ҳол гуруҳҳои фаластинӣ аз ҷумла Фатҳ, Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ бо интишори баёнияҳо ва изҳороте бо маҳкумкардани куштори мардуми Ғазза интиқоли Сафорати Амрико ба Қудсро поёне бар талошҳои Амрико барои сулҳ дар Ховари миёна унвон карданд.
Сафири Фаластин дар Созмони Миллали муттаҳид ҳам куштори рӯзи душанбеи фаластиниҳои эътирозгар ба бозгушоии Сафорати Амрико дар Қудсро нишоне аз нодурустии иддаои сулҳу амният донист ва гуфт: Агар ин куштор дар ҳар куҷои дигар мешуд, Шурои амниятро ба суръат вориди амал мекарданд.
Ҳамчунин намояндагони Кувейт ва Фаластин дар Созмони Миллали муттаҳид хостори баргузории нишасти фаврии Шурои Амният барои баррасии вазъият дар Ғазза шуданд, ки бо мухолифати Амрико ру ба ру шуд.
Ҳамд ал-Табиб Шайх ал-Азҳар дар ин баёния аз ҳамаи миллатҳо ва ниҳодҳои байналмиллалӣ хост тамоми иброзҳо ва шеваҳои мусолиматомез барои эъломи ҳимояти худ аз Фаластин ва радди мавзеъҳои кишварҳое, ки аз режими саҳюнистӣ ҳимоят карданд, ба кор гиранд.
Ҳамчунин давлати Индонежия дар вокуниш ба интиқоли Сафорати Амрико ба Қудс хостори ташкили ҷаласаи фаврии Шурои амният ва Маҷмаъи умумии Созмони Миллал барои расидагӣ, эъломи мавзеъ ва иқдоми ҷиддӣ дар ин замина шуд.
Вазорати умури хориҷаи Индонежия бо содир намудани баёнияе зимни маҳкумияти шадиди гушоиши Сафорати Амрико дар Қудс эълом кард: Ин иқдоми Амрико қатъномаҳои Маҷмаъи умумии Созмони Миллал ва Шурои амниятро поймол кардасст.
Вазорати умури хориҷаи Индонежия дар ин баёния ҳамчунин таъкид кард, ки ин иқдоми Амрико раванди сулҳ ва ҳамчунин сулҳро ба сурати куллӣ таҳдид кардааст.
Бикр Буздоғ-муовини нахуствазир ва сухангӯи давлати Туркия низ гуфт: Давлати Анкара тасмим гирифтааст ба манзури ҳамбастагӣ бо фаластиниҳо ва эҳтиром ба шаҳидон, се рӯз дар Туркия азои умумӣ эълом кунад.
Вай ҳамчунин афзуд: Туркия ба унвони раиси давраии Созмони Ҳамкории исломӣ хостори нишасти фавқулъодаи Созмони Ҳамкории исломӣ дар рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон хоҳад шуд.
Дар ҳамин росто, бархе аз кишварҳо сафирони худ дар режими саҳюнистӣ ва Амрикоро фаро хонданд.
Давлати Туркия ба дунболи куштори мардум дар Ғазза сафирони худ дар Исроил ва Амрикоро барои машварат фаро хонд.
Дар ҳамин ҳол Виетнам ҳузури димломатҳои ин кишварро дар маросими ифтитоҳи Сафорати Амрико дар Қудс рад кард.
Пеш аз ин Ҳинд низ эълом карда буд, ки дар маросими ифтитоҳи Сафорати Амрико дар Қудс ширкат намекунад.
Бештари аврпуоиҳо ва ҳамчунин намояндагони Русия, Миср ва Мекзик дар ин маросим ҳузур пайдо накарданд.
Австралия,Олмон, Ирланд, Малта, Португал, Полша ва Шветсия низ дар миёни кишварҳое ҳастанд, ки даъвати режими саҳюнистиро барои ҳузур дар ин маросим рад карда буданд.
Аз сӯи дигар мақомҳое дар Пентагон эълом карданд, ки шуморе аз неруҳои вижаи дарёии Амрико ба дархости вазорати хориҷаи ин кишвар барои таъмини амнияти сафоратхонаҳои Амрико дар сарзаминҳои ишғолӣ, Туркия ва Урдун ба ин кишварҳо сафарбар шуданд.
Ҷиноятҳои низомиёни исроилӣ алайҳи мардуми Фаластин
Рӯзи душанбе даҳҳо ҳазор шаҳрванди фаластинӣ дар эътироз ба интиқоли Сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Қудси ишғолӣ ва ҳафтодумин солгарди ишғоли Фаластин дар марзҳои шарқии навори Ғазза тазоҳурот карданд.
Режими саҳюнистӣ дар ҳуҷум ба эътирогарон 58 нафарро ба шаҳодат расонд ва ду ҳазору 771 нафарро низ маҷруҳ ва захмӣ кард.
Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико дар ноябр ва декабри соли гузашта эълом кард, ки Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият мешиносад ва Сафорати Амрикоро аз Тел-Авив ба Қудси ишғолӣ интиқол медиҳад.
Ин иқдоми вай бо қонунҳои байналмиллалӣ тафовут дорад ва бо мухолифати ҷомеъаи ҷаҳонӣ ру ба ру шудааст.
Гуфтанист, 14-уми моҳи майи 2018 баробар бо ҳафтодумин солгарди ихроҷи садҳо ҳазор фаластинӣ аз сарзаминашон ва 15-уми май ҳафтодумин солгарди таъсиси режими саҳюнистӣ "Рӯзи Никбат" аст ва Трамп дақиқан ҳамин рӯзро барои интиқоли сафорати кишвараш ба Байтулмуқаддас ва таҳкими гомҳои ишғолгарон интихоб кард.